ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,Ҳайко Маас, 29 август ба кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар мекунад, то дар мавриди вазъияти Афғонистон гуфтугӯ кунад .
Маас дар ҷаласаи матбӯотӣ дар Берлин ин хабарро эълом кард .
Вай гуфт : Ин мавзӯъ ки чигуна Олмон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя дар муқобила бо пайёмадҳои тағироти сиёсӣ дар Афғонистон кумак кунад, дар дастури кор қарор хоҳад гирифт .
Ҳайко Маас бо баёни инки ба Туркияву Қатар низ сафар мекунад гуфт : Дар ин сафарҳо дар мавриди шеваи бархурди Олмон ва ҷомеъаи байналмиллалӣ бо воқеияти нав дар Афғонистон ва шароити тавофуқ бо давлати ҷадид дар ин кишвар машварат хоҳад шуд.
342/